ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар давоми як рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон дар пайи садамаҳои маргбор ду сокини кишвар кушта шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, 6 ноябр бар асари садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи шаҳри Леваканд ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело” Саймӯъмин Маҷидов аз ӯҳдаи идора нақлиёт набаромада, худравро чаппа кардааст.
"Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Ҳалимов Абдулазиз Бобихолович, соли таваллудаш 1980, сокини ш.Левакант, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - менависад манбаъ.
Ҳамин гуна ҳодисаи маргбор, рӯзи 6 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Лендкрузер”, Обидҷонов Нуриддин, соли таваллудаш 1950, сокини Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок” дар ҳудуди ноҳия аз ӯҳдаи идораи нақлиёт баромада натавониста, ба веломопеди тамғаи “Скутер”, таҳти идораи ронанда, Ҳомидов Абдуваҳҳоб Мавлонович, соли таваллудаш 1982, сокини н.Б.Ғафуров бархӯрдааст.
Дар натиҷа Ҳомидов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, мутассисфона дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.