Марги ду тоҷик дар садамаи нақлиётӣ дар наздикии шаҳри Маскав

© Пресс-служба МЧС РФДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронандаи автомашинаи ВАЗ-2114 бо се нафар мусофир аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромада бо мошини Mitsubishi Fuso бархӯрд кардааст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik.  Бар асари садамаи нақлиёт, ки санаи 2 ноябри соли равон дар наздикии шаҳри Чехови вилояти назди Маскави Русия рух дод, ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, хабар додаанд расонаҳои маҳалӣ.

“Ҳодиса рӯзи 2 ноябри соли равон дар 24 километри роҳи Чехов-Крести, дар назди гардиши роҳи деҳаи Алексеевкаи вилояти назди Маскав рӯх додааст”, - хабар додааст манбаъ.

Поврежденный в результате ДТП автомобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марги ду мусофир дар садамаҳои нақлиётӣ

Ронандаи автомашинаи ВАЗ-2114 бо се нафар мусофир аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромада ба мошини  Mitsubishi Fuso бархӯрд намудааст.

“Бархӯрд то дараҷае сахт будааст, ки мошини ВАЗ-ро комилан хароб кардааст. Аз бархӯрди сахт Mitsubishi Fuso низ чаппа шудааст”, - таъкид шудааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, аз мусофирони автомашинаи сабукрав ду нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд ва ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳалокшудагон ва маҷрӯҳон ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки аз фурудгоҳи “Домодедово” меомадаанд.

Ҳалокшудагон Иброҳим Саидови 20-сола ва Саидбурҳон Самирови 43-сола мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони пулиси Русия сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани садамаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Лентаи хабарҳо
0