Лукашенко дар бораи пойафзоли президентҳо: бадар карду нишон дод

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкНеформальная встреча глав государств СНГ
Неформальная встреча глав государств СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус мегӯяд, бисёри роҳбарони давлатҳо пойафзолҳои итолиёвӣ ва дигар навъҳои маъруфро мепӯшанд, аммо худи ӯ истеҳсоли ватаниро меписандад

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Лукашенко дар арафаи сафари корияш ба вилояти Витебск гуфт ки ҳамеша пойафзоли сохти як коргоҳи ватаниро мепӯшад ва роҳбарони дигар давлатҳо низ ба он таваҷҷуҳ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ҳангоми тамошои Қасри Миллат - Sputnik Тоҷикистон
Толорҳои навсозишуда дар Қасри Миллат: Раҳмон фикри Лукашенкоро пурсид (НАВОР)

“Аз як корхонае боздид мекунам, ки ҳамеша пойафзоли сохти онро мепӯшам, аз ҷумла ҳангоми мулоқот бо роҳбарони давлатҳо. Боре Нурсултон Назарбоев пурсид, ки чунин пойафзолҳоро аз куҷо мегирам. Гуфтам, аз Белорус”, - изҳор дошт Лукашенко.

Ба гуфтаи президенти Белорус, Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон нахуст бовар накард ва ӯ пойафзолашро кашида, тамғаи белорусӣ будани онро нишон додааст.

Лукашенко таъкид кардааст, ки барои ӯ пойафзоли итолиёвӣ ва фаронсавӣ лозим нест, ӯ истеҳсоли ватаниро интихоб мекунад.

Лентаи хабарҳо
0