Ҳукми муфтиёт ба муҳоҷироне, ки ба ҳамсаронашон пул намефиристанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкЗеленый рынок в Душанбе. Архивное фото
Зеленый рынок в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони Маркази исломии Тоҷикистон менависанд, тибқи шариат мард баъди чор моҳ бояд ба назди ҳамсараш ҳозир шавад, вале дар ҳоли зарурат ҳамсар метавонад интизор шавад. Аммо барои шавҳар пардохти нафақаи рӯзмарраи зану фарзанд ҳатмист

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Коршиносони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯянд, тибқи шариат шавҳар бояд нафақаи рӯзмарраи зану фарзандонашро таъмин кунад.

Фирӯз ном корбари Маркази исломӣ бо ирсоли номае аз муфтиёти Тоҷикистон пурсидаст, ки ҳукми шавҳаре, ки дар хориҷ аст ва барои таъмини рӯзгори ҳамсар маблағ ирсол накардааст, чист.

"Марди оиладор дар сафар то чанд муддат истода метавонад? Ман шунидам, ки аз рӯи шариат то шаш моҳ дар сафар будани шавҳарон иҷозат дода мешавад. Агар дар ин муддат пул фиристода натавонист, ҳукмаш чист?", - мепурсад вай.

Коршиносони дин дар посух гуфтаанд, ки сафар 6 моҳ не, балки 4 моҳ тӯл кашида метавонад. Аммо шавҳарон аз рӯи шариат бояд нафақаи ҳаррӯзаи ҳамсар ва фарзандонашонро таъмин кунанд.

"Бародари азиз, аслан тибқи шариат шавҳар баъд аз чор моҳ бояд ба назди ҳамсараш ҳозир шавад, вале дар ҳолати зарурат то рафъ шудани мушкилот ҳамсар метавонад дар интизор бошад. Аммо нафақаи ҳамсару фарзандон ба муҳлат маҳдуд нест, шавҳар бояд саъйу кӯшиш кунад, ки нафақаи рӯзмарраи онҳоро таъмин намояд", - омадааст дар посухи шӯрои уламо.

Муҳоҷират дар Тоҷикистон ва натанҳо, масъалаи доғи рӯз аст. Бештар аз 800 ҳазор шаҳвандони Тоҷикистон ҳамасола дар ҷустуҷӯи кор ба Русия сафар мекунанд. Аз ин шумора, на танҳо мардон, занони тоҷик низ барои дарёфти қути лоямут ба кишвари хориҷ мераванд ва аз наздиконашон муддатҳо дур мемонанд.

Лентаи хабарҳо
0