Қарори нави Рустам Эмомалӣ: озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

© Amir IsaevГлава администрации президента Озода Рахмон, мэр Душанбе Рустам Эмомали и председатель района Исмоила Сомони Душанбе Сами Шариф
Глава администрации президента Озода Рахмон, мэр Душанбе Рустам Эмомали и председатель района Исмоила Сомони Душанбе Сами Шариф - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холӣ дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳр озмун эълон кардааст. Довталабон бояд дорои маълумоти олӣ, собиқаи корӣ буда, забони давлатиро хуб донанд. Маош аз 846 сомонӣ ва бештар гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 03 ноя — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе бо тасвиби як қарор барои ишғоли мансбаҳои холии маъмурӣ дар шаҳрдории Душанбе озмун эълон кардааст.

Тавре дар қарори раиси шаҳр гуфта мешавад, ба дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳр мутахассисон талаб карда мешаванд.

"Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замима озмун эълон карда шавад", - гуфта мешавад дар санад.

Ҳамин тавр, хоҳишмандон метавонанд барои ишғоли мансабҳои мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси шаҳр, мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳ, сармутахассиси Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳ, Сармутахассиси Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳ, Мутахассиси  пешбари бахши муҳосиботи дастгоҳ, Сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳӣ ва ғайраҳо дар озмун иштирок кунанд.

Довталабон бояд соҳиби маълумоти олӣ, таҷрибаи корӣ ва донандаи хуби забони давлатӣ бошанд.

Маълумоти бештарро аз вебгоҳи шаҳрдории Душанбе гирифта метавонед.

Лентаи хабарҳо
0