Меғ мефарояд: ҳушдор аз рӯзҳои истироҳатии сарду барфӣ

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борону барф ва фаромадани меғ ё туман дар назар аст

ДУШАНБЕ, 03 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона +1+6 ва дар шарқи ин вилоят шабона -11-16 ва рӯзона -0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, танҳо шабона дар доманакӯҳҳо боридани барф ва фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона дар ноҳияҳои тобеи кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона ба -1+4 ва рӯзона ба 5+10 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона +1+3 ва рӯзона +7+9 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0