Гурдаҳоям дард мекунад: Додгоҳ бо далели бемории Абдусамадов ҷаласаро мавқуф кард

© AP / Zuly RahmatovaВелосипеды туристов, которых сбили в Таджикистане. 29 июля 2018 года
Велосипеды туристов, которых сбили в Таджикистане. 29 июля 2018 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаласаи додгоҳи баррасии ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, ба далели бемории Ҳусайн Абдусамадов, яке аз муттаҳамон ба таъхир афтодааст

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои "Парс тудэй" Ҳусайн Абдусамадов, ки ба унвони саркардаи гурӯҳи террористии муҳоҷим ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара муҳокима мешавад, аз бемории гурда ранҷ мебурд ва идомаи ҷаласоти додгоҳ ба замони дигар гузаронида ё мавкул шудааст.

Дар нахустин ҷаласаи додгоҳ, ки дар боздоштгоҳи Шумораи 1 –и шаҳри Душанбе, пушти дарҳои баста баргузор шуд, Ҳусайн Абдусамадов таъкид карда буд, ки аз куштани гардишгарони хориҷӣ пушаймон нест ва ин иқдомро дар ҳимоят аз гурӯҳи ДОИШ  анҷом додааст.

Абдусамадов ҳамчунин гуфта буд, ки дастури ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғараро аз фарди доғистонитаборе ба исми Нуҳос дарёфт кардааст, ки масъули амалиёти ДИИШ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ё Ҷомеаи Ҳамсуд аст.

Ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ рӯзи 29 июл рух дод ва сабаби марги чаҳор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Нидерландия, Амрико ва Швейтсария шуд.

Дар додгоҳ илова бар Ҳусайн Абдусамадов, 14 нафар мазнуни дигар ҳузур доранд, ки ё бо муҳоҷимон ҳамкорӣ доштанд ё аз ин тарҳи террористӣ огоҳ буданд, аммо ба мақомот иттилоъ надоданд.

Дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ пас аз ҳодисаи рӯзи 29 июл шуморе аз мазнунони аслӣ ба даст доштан дар ин моҷарои террористӣ кушта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0