ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ҳайъати ҳизби либерал – демократи Русияро таҳти роҳбарии Владимир Жириновский масъулин ва фурӯшандагони бозори "Меҳргон" дар шаҳри Душанбе бо як шаҳомати хос пешвоз гирифтанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳизби либерал - демократи Русия.
"Жириновский дар рафти боздид аз бозор бо сокинони маҳаллӣ, фурӯшандагон мулоқот карда, ба сифати маҳсулотҳо баҳои баланд дод ва аз онҳо харидорӣ низ кард", - афзудааст манбаъ.
Манбаъ меафзояд, чанд фурушандаи бозори "Меҳргон" ба Жириновский чун рамзи эҳтиром тӯҳфаҳо тақдим карданд. Раиси ҳизб низ ба онҳо ҳадяҳо додааст.
Дар ҳамин ҳол, Жириновский дар саҳифаи феусбукиаш низ аз рафти боздидаш аз бозори Душанбе тавсиф карда, гуфтааст, ки дар бозор маззаи хӯрокҳои лазизи маҳаллиро чашид.