Тоҷикистон ҳамроҳ бо кишварҳои ҳамсуд кайҳонро таҳқиқ мекунад

© Фото : NASA/JPL-CaltechПланеты системы TRAPPIST-1
Планеты системы TRAPPIST-1 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Узбакистон шартнома дар бораи ҳамкорӣ дар таҳқиқи муштараки кайҳонро ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik.  Кишварҳои ҳамсуд метавонанд дар якҷоягӣ кайҳонро таҳқиқ намоянд, гуфта шудааст дар қарори Ҳукумати Русия.

Шартнома дар бораи таҳқиқи муштараки қайҳон миёни Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Узбакистон, рӯзи 2 ноябри соли равон дар Остона ба имзо расидааст.

Таъкид шудааст, ки ба ин шартнома метавонанд дигар кишварҳое, ки узви кишварҳои ИДМ мебошанд,  ҳамроҳ шаванд.

Звездное небо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ситорае дар кайҳон ба номи адиби тоҷик "Зулф" гузошта шуд

Акнун кишварҳо метавонанд дар якҷоягӣ таҳқиқоти астрофизикӣ гузаронанд, сайёраҳо, хатари ситораҳои думдору астероидҳоро таҳти омӯзиш қарор диҳанд.

Инчунин тибқи шартномаи мазкур кишварҳо метавонанд дар тарҳрезию сохти моҳвораҳо, мушакҳо, дастгоҳҳои алоҳида, сохтмони иншооти гуногуни заминӣ, сохтмони дастгоҳҳои таҳқиқотӣ дар кайҳон саҳмгузорӣ намоянд.   

Қаблан, Гулчеҳра Қоҳирова, роҳбари Пажуҳишгоҳи астрофизикии Академия улуми Тоҷикистон гуфта буд, ки кишварҳои ҳамсуд наметавонанд дар алоҳидагӣ кайҳонро таҳқиқ намоянд.

Вай таъкид намуда буд, ки бидуни иштироки Тоҷикистон ҳалли ин масъала ғайриимкон аст.

Гулчеҳра Қоҳирова, таъкид намудааст, ки Тоҷикистон дорои расадхонаи Санглок аст, ки аз онҷо назорати партовҳо ва дигар хатарҳои кайҳонӣ роҳаттар мебошад.   

Лентаи хабарҳо
0