Хушҳолам: Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури тозаинтихобро шодбош гуфт

© © Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба президенти тозаинтихоби Бразилия барқияи шодбошӣ ирсол кард

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Имрӯз, 2 ноябр кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури тозаинтихоби Бразилия Жаир Мессиас Болсонару барқияи табрикотӣ ирсол намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар мактуби шодбошӣ раисҷумҳури тозаинтихобро муборакбод гуфта, изҳори умедворӣ кардааст, ки муносибатҳои ду кишвар густариш меёбанд.

Эмомали Рахмон обратился к гражданам Таджикистана с новогодним обращением - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Ғалаба шодбош гуфт

"Ҷаноби Олӣ, хушҳолам Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия самимона табрику муборакбодӣ намоям. Мо ба ояндаи ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон дидгоҳи нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар якҷоягӣ пайгирона саъйю талош варзем", - омадааст дар барқияи шодбошӣ.

Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар амри татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати пешрафту шукуфоии кишвари дӯсти Бразилия муваффақиятҳои рӯзафзун хоҳонам, афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Интихобот дар Бразилия моҳи октябри соли равон баргузор гардид. Дар он раисҷумҳури кишвар, ноиби раисҷумҳур, Конгресси миллии Бразилия, раисони шаҳру ноҳияҳо интихоб шуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0