Дабири кулли СПАД аз мақомаш барканор шуд

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаГенсек ОДКБ Юрий Хачатуров
Генсек ОДКБ Юрий Хачатуров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иҷрои ӯҳдадориҳои дабири кулли СПАД ба дӯши муовини Юрий Хачатуров - Валерий Семериков гузошта шудааст

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуров аз мақом барканор шуда, муовинаш Валерий Семериков иҷрокунандаи вазифаи дабири кулл таъин гардид. Дар ин бора сомонаи СПАД хабар медиҳад.

"Мувофиқи тартиботи муқарраргарда, бо дархости мақомоти Арманистон Хачатуров Юрий Григоревич пеш аз мӯҳлат аз мақомаш барканор карда шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Иҷрои ӯҳдадориҳои дабири кулли СПАД ба дӯши муовини Юрий Хачатуров - Валерий Семериков гузошта шудааст.

Пештар муфаттишони Арманистон Хачатуровро дар сарнагун кардани сохти конститутсионӣ дар ҳошияи парвандаи ҳамоиши эътирозии 1 марти соли 2008 муттаҳам карда буданд.

Додгоҳ Хачатуровро бо пардохти гарав озод карда буд. Араманистон ба кишварҳои СПАД пешниҳод кард, ки раванди иваз кардани дабири кулли созмонро оғоз кунад.

Дар интихоботи президентии соли 2008 мухолифони Арманистон бо роҳбарии раисҷумҳури аввал Левон Тер-Петросян тазоҳурот ба амал оварда буданд.

1-2 марти соли 2008 ҳамоиши эътирозӣ ба бесарусомниҳо табдил ёфт, ки дар пайи он 10 тан кушта ва 200 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти Арманистон президенти пешин Роберт Кочарянро ба сарнугун кардани сохти конститутсионӣ муттаҳам ва ҳабс кард.

Лентаи хабарҳо
0