ВИДЕО-и суҳбат: аз тағои Жириновский дар Кӯлоб то "осмонӣ" набудани Эмомалӣ Раҳмон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЛидер партии ЛДПР Владимир Жириновский встретится с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном
Лидер партии ЛДПР Владимир Жириновский встретится с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон навори мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати вакилони Думаи давлатӣ, таҳти роҳбарии Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал – демократи Русия – “ЛДПР”-ро нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 02 ноя — Sputnik. Дар ин навор Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки боздиди Жириновский аз Тоҷикистон қадами дигар барои рушди ҳамкориҳои ду кишвар хоҳад шуд.

Жириновский ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки бо Тоҷикистон пайванди хунӣ дорад.

“Дар ин ҷо хешовандони ман зиндагӣ мекарданд. Бародари модарам, Пётр Павлович Макаров дар ин ҷо зиндагӣ мекард, ҳамсараш дар ин ҷо ба хок супурда шудааст. Ӯ худаш дар назди Маскав ба хок супорида шудааст”, - изҳор дошт Жириновский.

Ӯ афзудааст, ки тағояш дар синни 29-солагӣ ба хидмати ҳарбӣ дар қисми низомии Кӯлоб ҷалб карда шудааст.

Вай дар идома таъкид намудааст, ки таассуроти амиқи боздид аз Тоҷикистон барои солҳои зиёд боқӣ хоҳанд монд.

“Мо аллакай ваъда додем, ки барои тасвиби ҳар чӣ зудтари созишномаҳо чора меандешем. Зимни ин сафар мо набзи Тоҷикистонро эҳсос кардем”, - изҳор дошт раиси “ЛДПР”

Жириновский инчунин ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои қабул изҳори миннатдорӣ кард.

“Миннатдорем, ки сарфи назар аз серкорӣ моро қабул кардед”, - изҳор дошт раиси “ЛДПР”.

Жириновский дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки шумо осмонӣ нестед, аз ҷумлаи роҳбарони заминиед, ки аз миёни мардум баромада, бо вуҷуди расидан ба мақоми баланд, мардумӣ боқӣ мондаед.

Дар пайи ин мулоқот Жириновский ба рӯзноманигорон Эмомалӣ Раҳмонро беҳтарин роҳбар дар қаламрави ИДМ хонда, аз қасрҳои зебо дар кишвар, ки бевосита таҳти назорату машварати раисиҷумҳур бунёд шудаанд, тавсиф кард. Ба гуфтаи Жириновский чунин қасрҳо дигар дар ягон нуқтаи ҷаҳон вуҷуд надорад.

Лентаи хабарҳо
0