Маҷлиси миллӣ шумораи дақиқи муҳоҷирони авфшавандаро эълом кард

© Государственная Дума Федерального Собрания РФПредседатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти салоҳиятдори Русия бо дастгирии бевоситаи раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар ҷавоб ба дархости раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба авфи 70 ҳазор муҳоҷирони вурудашон ба Русия мамнӯъ, ризоият додаанд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон эълом кард, ки Русия дар марҳилаи аввал 70 ҳазор маҳоҷирони вурудашон ба Русия мамнӯъро авф хоҳад кард.

Бино бар иттиолои сухангӯи Маҷлиси миллии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода, дар натиҷаи сафари раиси Маҷлиси миллии Мавҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷонибҳо ба тавофуқ расанд, ки Русия дар марҳилаи аввал 70 ҳазор муҳоҷирони тоҷикро авф кунад.

Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Се пешниҳоди ҷолиби ҷаноби сафир ба Русия: гуфтанд, ба наздикӣ ҳал мешавад

"Аз 24 март то 24 апрели соли 2017 маъракаи қонунигардонӣ эълон ва татбиқ гардид. Мутаассифона, бинобар кам будани муҳлат ва аз бе иттилоотӣ 70 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ дар муҳлати муқарраргардида  натавонистанд ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд", - изҳор доштааст Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мулоқот бо Валентина Матвиенко.

"Тибқи дархости Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дастгирии Валентина Матвиенко дар навбати аввал барои 70 ҳазор муҳоҷир  мақоми салоҳиятдори Русия оиди ҳалли мусбии он ризоият доданд. Ҷиҳати дарёфти ҳалли мусбии қазияи 138 ҳазор муҳоҷирони меҳнатии мамнӯъ ба Кумитаҳои зидахли Шӯрои Федератсия дастури роҳбарияти олии кишвари қабулкунанда ироа гардид, ки татбиқи минбаъдаи он зери назорати Шӯрои Федератсия қарор гирифта, ин нукта дар Ҳуҷҷати хотимавии Форум  дарҷ карда шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, 24-26 октябр дар Маскав Форуми VI байнипарлумонии "Русия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ" баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳайати парламентии Тоҷикистон иборат аз раисони Кумитаву аъзои Маҷлиси миллӣ, роҳбарони як қатор вазорату сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Лентаи хабарҳо
0