ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Азизбек Маҳкамовро рашки ноҷо ба паси панҷара бурд, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҷавон охирҳои моҳи майи соли равон дар Донишкадаи илмҳои иҷтимоии Русия дар деҳаи Арка, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, як шиноси ҳамсараш Раҳимовро чанд маротиба корд задааст.
Гуфта мешавад, далели ин амали ҷавон рашк ва бадбинӣ будааст.
Нисбати Маҳкамов бо моддаи 104 қисми 2 банди "е" Кодекси ҷиноятӣ, барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, минбаъд бо ҳукми додгоҳ номбурда ба муҳлати 20 сол, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт, аз озодӣ маҳрум карда шуд.