Падруд, гармиҳо: имрӯз дар Тоҷикистон боридани барфу борон дар назар аст

CC0 / Pixabay / Горы в Таджикистане. Архивное фото
Горы в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландии 3000 м барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+6, рӯзона  +14+19  ва дар шарқи ин вилоят шабона -4-9   ва рӯзона +4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 3000 м барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11  ва рӯзона  10+15   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   шуда,  рӯзона дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +14+19   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 3000 м барф дар назар буда, чангу ғубор боқӣ мемонад.   Ҳарорат шабона ба 5+10 ва рӯзона ба +12+17 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Ҳарорат  шабона +7+9  ва рӯзона +14+16  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0