ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Владимир Григорев, намояндаи Маркази зидди террористии ИДМ, дар бораи ҳузури “Гурӯҳакҳои хуфтаи” террористӣ дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон хабар дод. .
“Тибқи баъзе аз омоҳои коршиносон, “гурӯҳакҳои хуфтаи” террористӣ дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои ҳамсуд ҳузур доранд”,- гуфт Григорев.
Қаблан, роҳбари Маркази зидди террористии ИДМ Андрей Новиков хабар дода буд, ки дар ҷустҷӯи байнидавлатии кишварҳои ҳамсуд барои ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ беш аз 9 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, қарор доранд.
“Ба ҳолати сентябри соли равон дар ҷустуҷӯи байнидавлатии кишварҳои ҳамсуд барои содир намудани ҷинояти террористӣ ва экстремистӣ беш аз 9 ҳазор шаҳрванди кишварҳои ИДМ қарор доранд. Наздик ба 5 ҳазори он шахсоне мебошанд, ки бар ивази пул дар кишварҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва ташкилотҳои террористии байналмилалӣ, бар зидди ҳукумати қонунӣ меҷангиданд”, - гуфт Новиков.