Яке кушта, дигаре дар ҳабс ва сеюмӣ фирорӣ: тирпаронии тоҷикистониҳо дар Туркия (ВИДЕО)

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкОружие, архивное фото
Оружие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Матбуоти Туркия ҷузъиёти занозанӣ ва тирпаронии се нафарро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд, шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Туркия, ҳодиса 26 октябр тақрибан соати 14:30 дар кӯчаи Месиҳпошо дар Оқсарои Истанбул рух додааст.

“Нахуст се нафар миёни ҳам баҳс мекунанд, ки бо занозанӣ ва тирпаронӣ меанҷомад. Зимни муноқиша яке аз ҷавонон таппонча гирифта, ба қафаси синаи дигаре тир холӣ мекунад”, - омадааст дар хабари расонаҳои Туркия.

Пулиси ин кишвар аз кушташуда Фаррух Облоқулов ном бурда, изҳор доштаанд, ки ҳамаи иштирокдорони ин қазия шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Матбуоти Туркия афзудааст, ки Облоқулов дар беморхонаи Ҳасекӣ ҷон дода, дигаре боздошт ва нафаре, ки тир холӣ кардааст дар фирор мебошад. Ҳодиса дар навори дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст ва мақомоти Туркия муттаҳамро бозҷӯӣ доранд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Лентаи хабарҳо
0