Таъхири 15-соатии парвози ҳавопаймои “Сомон эйр” аз Санкт-Петербург ба Душанбе

CC BY-SA 2.0 / Lars Steffens / Boeing 737 Somon AirБоинг 737 авиакомпании "Сомон Эйр", архивное фото
Боинг 737 авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”, ки мувофиқи ҷадвал бояд 28 октябр, соати 12:00 аз Санкт-Петербург ба Душанбе сурат мегирифт, 15 соат мавқуф гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Ҳавопаймои “Сомон Эйр” баъди таъхири 15-соатӣ, 29 октябр соати 02:30 аз Санкт-Петербург  ба Душанбе парвоз анҷом додааст, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Ин дар ҳолест, ки тибқи ҷадвал, ҳавопаймои “Сомон Эйр” бояд парвози рақами SZ 204 –ро аз Санкт-Петербург ба Душанбе соати 12:00-и рӯзи 28 октябр анҷом медод.

Чанде пеш парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Екатеренбург ба Душанбе барои зиёда аз як шабонарӯз ба таъхир гузошта шуда буд.  

Масъулини фурудгоҳ сабаби таъхирро “таъмири ҳавопаймо барои парвоз” арзёбӣ карда, изҳор дошта буданд, ки маълумоти бештарро бояд худи ширкат ироа кунад.

Лентаи хабарҳо
0