ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, субҳи 27-уми октябри соли 2018, тахминан соати 05:20, ронандаи “Опел-Астра”, Ҳамроев Файзулло, сокини 62-солаи ноҳияи Рӯдакӣ 2 савори як дучархаро зер кардааст.
“Ронандаи “Опел”, ҳангоми ҳаракат дар роҳи ҷамоати деҳоти Чимтеппа аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, шаҳрвандон - Усмонов Холмаҳмад Хурсандович, соли таваллудаш 1996 ва Ғозиев Ёқубҷон Маҳмадназарович, соли таваллудаш 2000, сокинони ноҳияи Восеъро, ки дар як дучарха ҳаракат мекарданд, пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, шаҳрванд Усмонов Холмаҳмад ба ҳалокат расидааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.