Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Индонезия ҳамдардӣ баён кард

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон вобаста ба фоҷиаи суқути ҳавопаймо дар наздикии ҷазираи Яваи Индонезия, ба унвони раисҷумҳури ин кишвар номаи тасллият равон кард

ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз 29 октябр,  Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури кишвар ба унвони Ҷоко Видодо, Президенти Индонезия барқияи тасллият ирсол намудааст. Дар номаи ҳамдардӣ омадааст:

“Хабари фоҷиавии суқути ҳавопаймо дар наздикии ҷазираи Яваи Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, моро хеле андуҳгин кард.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед”.

Ёдрас мешавем, ки ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737-800 ширкати Lion Air баъди парвоз аз фурудгоҳи Ҷакартаи Индонезия дар қисмати ғарби соҳили ҷазираи Ява дучори садама шуд.

Ҳавопаймо дар баҳри наздикии соҳилҳои Ява бо 184 мусофир сарнагун шуд. Сарнишинони чандин киштиҳои ин минтақа хабар доданд, ки шикастапораҳои ҳавопайморо пайдо кардаанд. Ҷустуҷӯи ҳавпаймои сарнагуншуда оғоз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0