Сайёд Зайниддинов довари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон - 2018 таъин шуд

© Федерация футбола РТАрбитры душанбинского клуба "Истиклол"
Арбитры душанбинского клуба Истиклол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии ниҳоӣ бо ширкати дастаҳои "Истиқлол" ва "Регар-ТадАЗ", 27-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат,ки 25 000 ҷои нишаст дорад, соати 14:00 баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Сайёд Зайниддинов - яке аз доварҳои номӣ дар Тоҷикистон, довари бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои "Истиқлол" ва  "Регар-ТадАЗ" таъин шуд. Дар ин бора вебгоҳи ФФТ хабар медиҳад.

Ба Сайёд Зайниддинов Ҳамза Шоҳимардонов аз Хуросон ва Исмоил Нуралиев аз Норак кӯмак мерасонанд. Хисрави Сиддиқзод ба ҳайси довари эҳтиётӣ интихоб шудааст.

Дараҷаи ин вохӯриро ба назар гирифта ФФТ Насрулло Кабировро аз Норак ва Гулмуроди Саъдуллоро аз шаҳри Душанбе ҳамчун ёварони иловагии довар аз пушти дарвоза таъин намуд. Масулияти нозири доварон дар ин вохӯрӣ ба Юсуф Ишматов ва комиссари бозӣ ба Ҷовидон Ҳасанов во гузошта шуд.

Ёдрас мешавем, ки бозии ниҳоӣ бо ширкати дастаҳои "Истиқлол" ва "Регар-ТадАЗ", 27-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат,ки 25 000 ҷои нишаст дорад, соати 14:00 баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0