Қатли ҷавонзани рус дар Суғд

© Sputnik / Табылды КадырбековНасилие над женщинами, архивное фото
Насилие над женщинами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилӣ дар қатли ҷавонзани рус дар вилояти Суғд маъшуқашро муттаҳам мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, қатли ҷавонзани 30-сола шоми 24-уми октябр сурат гирифтааст.

ВУД афзуд, ки дар пайи  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 38-сола, сокини шаҳри Гулистон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

“Номбурда, рӯзи 24-уми октябри соли 2018, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар ҳудуди маҳаллаи Навбунёди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамзисташ, зани 30-солаи миллаташ рус, сокини шаҳри Бӯстон, ҷангу ҷанҷол карда, бо дастонаш ӯро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид намудааст, ки боздоштшуда қаблан барои дуздӣ суд шуда, феълан алайҳаш парванда бо иттиҳоми куштор оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0