ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Тоҷикистон аз оғози сол ба арзиши 72,5 миллион доллар беш аз 2,5 миллиард киловатт соъат барқ содир кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино бар иттилои манбаъ, содироти барқи Тоҷикистон дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 50 дарсад афзойиш ёфт.
Узбакистон ва Афғонистон воридкунандаи аслии барқи Тоҷикистон мебошанд. Тоҷикстон дар ин муддат ба Узбакистон беш аз 1,3 миллиард киловатт соъат барқ содир кард.
Бар асоси ин гузориш, Тоҷикистон ҳаҷми зиёди барқро дар моҳҳои апрел-август содир кардааст. Дар моҳи сентябр ҳаҷми содироти барқ каме коҳиш ёфт.
Дар моҳи сентябр 1 миллиарду 461 миллион киловатт нерӯи барқ тавлид ва 350 миллион кВт соъат ба кишварҳои ҳамсоя содир шуд.