Хоҳиши Президент аз Русия: ақаллан як мактаби тоҷикӣ дар Маскав ташкил шавад (ВИДЕО)

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСвидетельство о названии этой планеты Таджикистаном Президенту страны Эмомали Рахмону вручил Президент Академии наук Таджикистана Фарход Рахими
Свидетельство о названии этой планеты Таджикистаном Президенту страны Эмомали Рахмону вручил Президент Академии наук Таджикистана Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон аз мақомдорони Русия хост, дар вилоят ва ё шаҳри Маскав ақалан як мактаб бо забони тоҷикӣ ташкил карда шавад ва масъулини Русия ба ӯ посух доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Раҳимӣ дар ҳошияи ҳамоиши байнипарлумонии Тоҷикистон – Русия, ки феълан дар Маскав идома дорад, изҳор дошт, ки ҳудуди 300 ҳазор муҳоҷир дар вилоят ва шаҳри Маскав кору фаъолият доранд ва бисёр муҳим аст, ки фарзандони онҳо забон, таърих ва фарҳанги худро фаромӯш накунанд.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Убайдуллоев: агар мо намунаи ибрат набошем, ҳаққи ташвиқи дигаронро надорем

“Шумо медонед, теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Маскав кору иқомат доранд. Шумораашон дар шаҳру вилояти Маскав шояд ба ҳадди 300 ҳазор нафар расида бошад. Фарзандони онҳо ба омӯзиши забон, таърих, ҷуғрофия ва адабиёти тоҷик ниёз доранд. Бояд як фикр кунем, ки фарзандони муҳоҷирини мо забон, таърих анъанаҳои тоҷикиро фаромӯш накунанд”, - изҳор дошт Раҳимӣ

Президенти Академияи улум бо зикри он, ки дар Тоҷикистон 185 мактаб ба забони русӣ фаъолият доранду боз 5 мактаб сохта шуда истодаанд, хост, бо забони тоҷикӣ, ақаллан як мактаб дар шаҳр ё вилояти Маскав кушода шавад.

“Хоҳиш мекунам, ки ин дархости мо дар протокол қайд шавад. Хеле хоҳиш мекунам аз Шӯрои Федератсия ва Вазоратҳои маориф, омӯзиш ва дигар сохторҳои дахлдори Русия ҳамин масъаларо бинанд”, - гуфт Раҳимӣ ва афзуд, ки дар аввал шояд як лоиҳаи пилотӣ бошад.

Ӯ аз мақомдорони рус хостори кӯмак дар ин масъала шуда, таъкид намуд, ки ташкили мактаби тоҷикӣ на танҳо ба фоидаи шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ба фоидаи Русия низ мебошад, зеро бисёре аз русиягиҳо низ мехоҳанд тоҷикиро омӯзанд.

Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Путин гуфт, муносибатҳои Тоҷикистону Русия босуръат густариш меёбад

“Забоне, ки мо бо он суҳбат мекунем, дар 3 давлат истифода мешавад. Дар Афғонистону Эрон, дар маҷмуъ дар ҷаҳон беш аз 200 миллион нафар бо форсӣ – бо забони мо суҳбат мекунанд”, - таъкид намуд Раҳимӣ.

Президенти Академияи улум афзуд, дар заминаи ин мактаб метавонем, курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ, форсӣ ё дарӣ ташкил кунем.

Лилия Гумерова, ноиби аввали раиси Кумитаи Шӯрои федератсия оид ба илм, маориф ва фарҳанг дар посух ба Раҳимӣ изҳор дошт, ки дар зудтарин фурсат шояд бунёди мактаб ва тоҷикӣ кардани он мушкилтар бошад, аммо марҳила ба марҳила кор имконпазир аст.

Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Убайдуллоев хостори бунёди боз як мактаби русӣ дар Тоҷикистон шуд

“Шояд аз ташкили макотиб бо забони тоҷикӣ дар рӯзҳои якшанбе оғоз кунем. Имкони ташкили синфҳо бо забони тоҷикӣ вуҷуд дорад. Ин таҷриба барои Русия нав нест, чунки мо макотиби зиёд дар ҷумҳуриҳои миллии Русия дорем, ки дар онҳо ин раванд хеле хуб роҳандозӣ шудааст. Хонандагон дар чунин макотиб озодона ҳам бо забони русӣ гап мезананд, ҳам забони модарияшонро фаромӯш намекунанд. Бахше аз фанҳо метавонанд бо забони миллӣ таълим дода шаванд. Барои мисол мо фанни таъриху фарҳанги Бошқирдистонро дар ин субъекти федератсия дорем. Ҳатман ин масъаларо фикр мекунем ва як роҳи хуб бо ҷониби Тоҷикистонро пайдо мекунем”, - гуфт Гумерова.

Ӯ афзуд, татбиқи ин пешниҳод як пули дӯстии хуб хоҳад буд ва дар минтақаҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон нисбатан зиёд зиндагӣ мекунанд, имкони амалисозии он вуҷуд дорад.

Пешниҳоди Раҳимӣ ва посухи Гомероваро метавонед дар дақиқаи 50-уми навори зер тамошо кунед:

Лентаи хабарҳо
0