ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар пайи чаппашавии худрав ронанда ҳалок шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манюбаъ, ҳодиса 23 октябр соати 22:10 дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон рух додааст.
"Алишер Фатуллоеви 25-сола ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Марк” ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рушон ба самти маҳаллаи Ҷангалак, дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ронандаро ба беморхона интиқол додаанд, аммо бо далели ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш, ӯро табибон наҷот дода натавонистаанд.
Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.