Амрико аз Тоҷикистон хост, ки парвандаи Бузургмеҳр Ёровро бознигарӣ кунад

Обуна шудан
Мақомоти Амрико аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки дар парвандаи ҷиноӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров, вакил мудофеи 26 сол зиндон маҳкумшудаи тоҷик таҷдиди назар кунад

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории "Парс тудэй" Амрико аз Тоҷикистон хостааст, ки парвандаи вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров бознигарӣ шавад.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмилио Помен, муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ пас аз дидор бо вазири хориҷа ва дигари мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҳангоми баҳс ва табодули назар дар мавзуи ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоии шаҳрвандони тоҷик, аз Душанбе дархост кардааст, ки дар парвандаи Бузургмеҳр Ёров таҷдиди назар кунанд.  

Свечка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти падари Бузургмеҳр Ёров дар Душанбе

Вай таъкид кардааст, ки бар сари ин мавзуъ бо мақомоти масъули Тоҷикистон баҳс ва табодули назар карда, аммо ба далели маҳрамона будани ин гуфтугӯҳо наметавонад муҳтавои онро ифшо созад.  

Помен таъкид кардааст, ки тарафи амрикоӣ маротиби нигаронии хешро аз маҳдуд шудани фазои фаъолияти созмонҳои иҷтимоӣ ба вазири хориҷа ва дигар мақомоти Тоҷикистон иброз кардааст.

Бузургмеҳр Ёров авохири сентябри 2015 ва пас аз онки кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Шӯрои сиёсии Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро таъсис кард, ба иттиҳоми қаллобӣ аз ҷониби вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон боздошт ва барои ӯ парванда ташкил шуд.

Лентаи хабарҳо
0