ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Дар Санкт-Петербург кормандони полис шаҳврандони Тоҷикистонро ба иттиҳоми дуздӣ боздошт кардаанд. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Русия хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба фурӯшанда таҳдид карда, телефонҳои мобилӣ ва наздики 30 ҳазор рублро рабудаанд.
Дар пайи гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ кормандони кофтукоби ҷиноӣ дар якҷоягӣ бо Росгвардия 4 муҳоҷир, сокинони кишварҳои Осиёи Марказиро дастгир кардаанд. Муттаҳамон аз 21 то 33-сола будаанд.
Бино бар иттилои расонаҳои маҳалии Русия, боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ки дар ҳудуди Русия ғайриқонунӣ қарор доштанд.
Дар рафти кофтукоб аз муттаҳамаон ду корд ва ду таппончаи пневматикӣ пайдо карданд.
Нисбати ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.