ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, ба идораи милиса дар Кӯлоб, зани 25-сола, сокини деҳаи Зиракии шаҳри мазкур муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 13-уми октябри соли 2018, тахминан соатҳои 18:00, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз дохили сандуқ 11 ҳазору 400-сомониро тасарруф намудаанд. Ӯ афзудааст, ки дастандаркорон барои пинҳон намудани изи ҷиноят хонаро оташ зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
ВУД афзуд, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 24-сола, сокини деҳаи Зиракӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.