https://sputnik.tj/20181023/Shakhsiyati-se-toike-ki-dar-tarkishi-korkhonai-Avangard-favtidand-muayyan-karda-shud-1027200940.html
Шахсияти се тоҷике, ки дар таркиши корхонаи “Авангард” фавтиданд, муайян карда шуд
Шахсияти се тоҷике, ки дар таркиши корхонаи “Авангард” фавтиданд, муайян карда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи 19 октябр дар корхонаи истеҳсоли пиротехникаи “Авангард” дар ноҳияи Гатчинои вилояти Ленинград, таркиши пурқурбоние рух дод. Дар ин ҳодисаи нохуш... 23.10.2018, Sputnik Тоҷикистон
2018-10-23T11:00+0500
2018-10-23T11:00+0500
2021-08-10T16:49+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/69/1027176963_0:0:1500:849_1920x0_80_0_0_2c025b0b86b1f9253b685925338c524c.jpg
санкт-петербург
вилояти ленинград
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2018
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/69/1027176963_150:0:1500:849_1920x0_80_0_0_b87e2f2dfd4af8b2b752b233adf1caf3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, санкт-петербург, вилояти ленинград
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, санкт-петербург, вилояти ленинград
Шахсияти се тоҷике, ки дар таркиши корхонаи “Авангард” фавтиданд, муайян карда шуд
11:00 23.10.2018 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Рӯзи 19 октябр дар корхонаи истеҳсоли пиротехникаи “Авангард” дар ноҳияи Гатчинои вилояти Ленинград, таркиши пурқурбоние рух дод. Дар ин ҳодисаи нохуш шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Бино ба иттилои намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар натиҷаи ташхис шахсияти се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бар асари таркиши рӯзи 19 октябр дар корхонаи “Авангард” ба ҳалокат расиданд, муайян карда шуд.
Намояндагӣ рӯзи 22 октябр исми ин қурбониёнро нашр кард:
Расулов Аҳлидин Акрамҷонович, зодаи шаҳри Ваҳдат, Акмалзода Осимҷони Ҷумъа, зодаи ноҳияиТавилдарава Маҳмадалиев Комилҷон Раҳмонович, зодаи шаҳриЛеваканд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки кормандони Намояндагӣ ҳамроҳ бо Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба наздикони қурбониён барои ҳарчӣ зудтар ба Ватан фиристодани ҷасадҳои ҳарсе шаҳрванди Тоҷикистон тамоми кумаку ёриро хоҳанд расонд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 19 октябр дар корхонаи истеҳсоли пиротехникаи “Авангард” дар ноҳияи Гатчинои вилояти Ленинград, воқеъ дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург таркиши пурқурбоние рух дод. Бар асари таркиш чор нафар ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Се нафар аз ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафари дигар аз Беларус будаанд.
Таҳқиқи таркиши Гатчиноро Кумитаи тафтишоти Русия анҷом медиҳад.