Раисҷумҳур 15 ҳазор моҳичаҳои “пешонағафс”, “карп” ва “амури сафед”-ро ба кӯл сар дод

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”-и ноҳяи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 0,35 гектар се кӯли навро ба истифода дод

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид карда, дар ҳудуди он се кӯли навро ба истифода дод. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур барои парвариши моҳиҳои гуногун, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва мусоидат кардан ба тозагии муҳити атроф 15 ҳазор моҳиҳои навъи “пешонағафси сиёҳ ва ало”, “карп” ва “амури сафед” ба кӯл сар дод.

 Манбаъ ёдрас мешавад, ки бо дастури раисҷумҳур дар доираи рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар 53 хоҷагии моҳипарварии вилояти Суғд парвариши навъҳои гуногуни моҳиҳо ба роҳ монда шудааст.

Баъди сар додани моҳиҳо ва шиносоӣ бо вазъи боғоти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”  Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид дод.

Лентаи хабарҳо
0