Фарзандхонӣ ё "фарзандхарӣ"?: боздошти сардухтур барои талаби 10 ҳазор сомонӣ пора

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкРебенок в детском доме-интернате, архивное фото
Ребенок в детском доме-интернате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юнус Раупов, сардухтури кӯдакхонаи байниноҳиявии шаҳри Истаравшан аз Нилуфар Файзибоева, ки фарзандхонӣ мекардааст, "барои тартиб додани ҳуҷҷати тифл" 10 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Бо далели порахӯрии пизишконе чун Раупов даҳҳо кӯдакони чашминтизор дар кӯдакхонаҳо шояд ноумед монанд.

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Сардухтури кӯдакхонаи байниноҳиявии шаҳри Истаравшан барои омода кардани ҳуҷҷат барои ба фарзандхонӣ додан бо 10 ҳазор сомонӣ талаби пора, боздошт шудааст.

Тавре манбаи Sputnik Тоҷикистон дар беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан хабар медиҳад,  Раупов Юнус сардухтури кӯдакхонаи байниноҳиявии  Истаравшан рӯзи 7-октябр ҳангоми гирифтани пора дар бозори марказии шаҳр дастгир шудааст.

Ӯ аз сокини ноҳияи Зафаробод Файзибоева Нилуфар, ки соҳибкор будааст, барои омода кардани ҳуҷҷатҳои тифл 10 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Ҳоло бар зидди Раупов Юнус бо ҷурми талаби пора бо моддаи 319 қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. 

Бо далели порахӯрии пизишконе чун Раупов даҳҳо кӯдакони чашминтизор дар кӯдакхонаҳо шояд ноумед монанд.

Лентаи хабарҳо
0