Амрикову Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд

© Пресс-служба МИД РТВстреча министра иностранных дел Республики Таджикистан с заместителем помощника Госсекретаря США
Встреча министра иностранных дел Республики Таджикистан с заместителем помощника Госсекретаря США - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини ёвари котиби давлатии Амрико Эмилиа Пума ва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ миёни ду кишварро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik.  Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 22 октябр бо муовини ёвари Котиби давлатии Амрико доир ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Эмилиа Пума мулоқот намуд.

Флаги Таджикистана и США - Sputnik Тоҷикистон
Амрико барои мактабҳои Тоҷикистон китобҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ тақдим кард

Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Муовини ёвари Котиби давлатии Амрико барои иштирок дар машваратҳои ҳафтуми дуҷонибаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Амрико ба Душанбе ташриф омадааст.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти сафорати амрико дар Тоҷикистон хабар додааст, ки дар машваратҳо аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар соли равон натиҷагирӣ шуда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъда муайян карда мешаванд.

Кевин Коверт временный поверенный в делах посольства США в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Амрико дар 26 соли охир ба Тоҷикистон 2 миллиард доллар кумак кардааст

Инчунин манбаъ афзудааст, ки роҳбари ҳайати Амрико Эмилиа Пума ҳамроҳ бо Кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт бо ҳамтоёни тоҷики худ ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд.

Аз ҷумла, дар вохӯрӣ баррасии масоили ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ифротгароии зӯроварона ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамчунин мусоидат ба таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва рушди иқтисод дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0