Баргузории ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” дар Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевБинои театри "Лухтак" дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои театри Лухтак дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе VI-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Имрӯз 22 октябри соли равон соати 16:00 дар майдончаи пешгоҳи Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе маросими ботантанаи кушодашавии VI-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” баргузор мегардад.

Дар ин бора хабар додааст дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.  

Ба иттилои манбаъ, ҷашнвораи мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирии Дафтари Швейтсария доир ба ҳамкории Тоҷикистон ташкил гардида аст.

Кинопленка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози ҷашнвораи “Дидор” дар Душанбе

Дар фестивали мазкур театрҳои лӯхтак аз Қазоқистон, Русия, Туркманистон, Қирғизистон, Украина, Узбакистон ва тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок мекунанд. 

“Дар доираи ҷашнвора баргузории намоишномаҳо, мастер-классҳо, конфронсҳо ва вухӯриҳо дар назар аст”, - таъкид намудааст манбаъ. 

Ҷашнвораи мазкур то 26 октябри соли равон идома хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0