ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Масъулини “Орёл и решка” дар саҳифаи барнома дар Инстаграм иттилоъ додаанд, ки ганҷинаро дар пойтахти Тоҷикистон хонандаи синфи 8-ум Никита Лоянский пайдо намудааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Барномаи ахири “Орёл и решка”, ки ба Тоҷикистон бахшида шуда буд, охири моҳи августи соли равон нашр шуда буд.
Тибқи анъана барандагони ин барнома дар як гӯшаи шаҳре, ки меҳмонаш мешаванд, зарфи шишагӣ, ё худ “бутилка” бо 100 долларро пинҳон мекунанд.
Ганҷинаи навбатии худро дар Душанбе дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, дар наздикии кӯчаи Лоҳутӣ, дар боми яке аз дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ пинҳон кардаанд.
Дар барнома аз иқлиму табиат, мардум ва анъанаҳо, махсусан меҳмоннавозии тоҷикистониён тавсиф шуда буд.