ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори Ҳукумат, таҳти рақами 475 - ро дар бораи тасдиқи ин феҳраст, 25 сентябри соли равон имзо кардааст, ки даҳҳо бемории асосан руҳӣ ва сироятиро фаро мегирад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Маркази миллии тестӣ ва муассисаҳоеро, ки ихтисоси дорусозӣ доранд, муваззаф кардааст, ки бар асоси ин қарор амал намоянд.
Таваҷҷуҳ ба бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон баъд аз интиқоди раисиҷумҳур дар оғози соли таҳсили равон зиёд гардид, ки ба гуфтаи ӯ риоя нагардидани меъёрҳо аз ҷониби худи табибон боиси сирояту бемор гардидани шаҳрвандони зиёд мешавад.