Қотили Ҳувайдоро “нимдевона” бароварданд, ӯ озод мешавад?

© gerechtigkeits.deДевочка Хувайдо Тиллозода, которую жестоко убил маньяк
Девочка Хувайдо Тиллозода, которую жестоко убил маньяк - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносон гуфтаанд, ки Сёмин бемории муваққатии равонӣ дорад. Додгоҳ барои идомаи тафтишот ба Кумитаи тафтишотӣ ду моҳ мӯҳлат дод ва дар як мурофиаи дигар масъалаи интиқоли дубораи Сёмин ба ташхис баррасӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Рӯзи гузашта дар додгоҳи шаҳрии Серпухов мурофиаи додгоҳии парвандаи куштори Ҳувайдо – духтараки 5-солаи тоҷик баргузор шуд.

Додгоҳ дар посух ба аризаи пешниҳодкардаи муфаттиши парванда, мӯҳлати тафтишотро ба 2 моҳ то 22 декабр тамдид кард. Ҳафтаи оянда як мурофиаи дигари додгоҳӣ баргузор мешавад, ки дар он масъалаи ташхиси такрории ҳолати равонии Сёмин баррасӣ мешавад.

Сёминро "нимдевона" бароварданд?

Александр Сёмин- ҷавони муттаҳам дар куштор ва тоҷовузи духтараки 5-солаи тоҷик охирҳои моҳи августи соли равон барои гузаштан аз ташхиси ҳолати рӯҳиву равонӣ ба Пажӯҳишгоҳи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологии Сербскии Маскав ирсол карда шуд.Ба гуфтаи вакили хонаводаи Ҳувайдо – Олга Устюжанина аввалҳои октябр муттаҳамро ба СИЗО баргардониданд.

“Натиҷаи ташхис муайян нест. Ӯро девона эътироф накардаанд. Аммо гуфта мешавад, ки вай бемории муваққатии равонӣ (временное психическое расстройство) дорад. Барои ҳамин бо қарори додгоҳ шояд ташхиси такрорӣ гузаронида шавад”, - мегӯяд Олга.

Игрушки Вайды - Sputnik Тоҷикистон
Қазияи куштори Ҳувайдо: Сёмин дар бемористони рӯҳӣ, холааш ҳимоягар -тафтишот идома дорад

Сёмин худро ба девонагӣ мезанад

Олга Устюжанина боварӣ дорад, ки муттаҳам худро ба девонагӣ мезанад. Ӯ дар додгоҳ бодиққат буд ва ба раванди суд баҳо медод.

“Ӯ раванди судро бодиққат пайгирӣ мекард ба саволҳо ҷавоб медод. Ӯ мегуфт, ки бемор аст ва ниёз ба табобат дорад. Яъне ба ҳолати равонии худ баҳо медод, ки ин хоси шахси гирифтори бемории рӯҳӣ  нест. Ӯ худро ба девонагӣ мезанад”, - гуфт вай.

Умеди мо ба ташхиси дуввум аст. Бояд ташхиси дуввум муайян кунад, ки ӯ мукаллаф аст ва девона нест, афзуд вай.

Консулгарии Тоҷикистон ҳодисаро пайгирӣ мекунад

Ҳодисаи куштори бераҳмонаи духтараки тоҷик вокунишҳои зиёди ҷомеаро дар пай дошт.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Вазорати умури дохилии Русия барқия ирсол карда, таҳти назорати қатъӣ гирифтани рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, сари вақт ошкор кардани ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорро тақозо карда буд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷаи Русия дар пайи куштори Вайдои панҷсола ёддошт ирсол кард.

Намояндаи Консулии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки консулӣ ҳодисаро пайгирӣ мекунад ва дар ин раванд бо мақомотҳои зарурӣ ҳамкорӣ дорад.

“Консулии Тоҷикистон барои дар чаҳорчӯбаи қонунгузориҳои байналмилалӣ ва Русия муҷозот шудани қотил  бо мақомотҳои дахлдор ҳамкорӣ дорад ва қазия таҳти назорат аст”, - гуфт вай.

Старший помощник руководителя управления (по взаимодействию со СМИ) Врадий Ольга Андреевна - Sputnik Тоҷикистон
Врадий: миллат не, сини Ҳувайдо боиси тӯъмаи қотил шуданаш гашт

Қазия шаффофиятро тақозо мекунад

Коршиноси тоҷик, ҳуқуқшинос ва сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов бар он аст, ки қазия аз мақомотҳои дахлдор шаффофиятро тақозо мекунад. Вай афзуд, куштори духтараки тоҷик вокуниши зиёдро дар пай дошт ва натиҷаи он метавонад ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ҳам таъсири худро расонад.

“Ҳодисаи куштори  Ҳувайдо вокуниши зиёдеро дар пай дошт. ВУХ ҶТ вамақомоти қудратии ҳифзи ҳуқуқ низ ба ҳамтоёни худ муроҷиат карданд, ки Русия дар ҳалли қазия мусоидат кунад. Азбаски ҳамингуна ҳодисаҳо  метавонанд боиси халадор гардидани муносибатҳо дар ҳамаи сатҳҳо байни Тоҷикистону Русия шаванд,  мувофиқи мақсад аст, ки дар ин қазия шаффофият вуҷуд дошта бошад. Дар акси ҳол боиси афзудани нигаронии ҷомеаи Тоҷикистон мешавад”, - таъкид дошт вай.

То чӣ андоза дар муносибат ҷониби русҳо самимӣ ҳастанд ва бо риояи одоби касбӣ ба қазия мутаваҷҷеҳ мешаванд, аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндаи ваколатдори ВУД ва Вамояндагии вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон дар Русия  вобастагӣ дорад, афзуд вай.

“Мувофиқи Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ барои исботи мукаллаф ё номукаллаф будани муттаҳам коршиносон ҷалб карда мешаванд. Ин дуруст, ки муттаҳамро  аз ташхис мегузаронанд, аммо натиҷаҳои онро вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо бояд пайгирӣ кунад”, - тавзеҳ дод Ҳакимов.

Ҳоло барои хулоса баровардан барвақт аст

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон мегӯяд, тафтишот ба таври бояду шояд идома дорад ва феълан барои хулоса баровардан барвақт аст. Ба гуфтаи вай, дар Кодекси ҷиноӣ мафҳуме чун муваққатан гирифтори бемории рӯҳӣ (временное психическое расстройство) вуҷуд надорад.

Эмблема на форме сотрудника полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баъди фоҷиаи Ҳувайдо: дар Серпухов чор полисро барканор карданд

“Дар қонун мафҳуми “муваққатан бемори равонӣ” вуҷуд надорад. То ҷое ки мо медонем, пожӯҳишгоҳ ҳуҷҷате ҳам надодааст, ки ин гуфтаҳо тасдиқ шаванд.  Тафтишот идома дорад ва парванда ба додгоҳ феълан  ирсол нашудааст, барои хулосабарорӣ барвақт аст”, - мегӯяд вай.

Вакили тоҷик афзуд, дар ҳама гуна ҳолати парвандаи 132 (таҷовуз) гузаронидани ташхиси ҳолати равонӣ ҳатмист ва дар ҳолати парвандаи куштори духтараки тоҷик низ ташхис бояд анҷом дода шавад.

“Ҳамаи корҳое, ки  анҷом ёфта истодаанд, мувофиқи раванди тафтишотианд ва ҷои нигароние надорад”, - афзуд вай.

Иззат Амон мегӯяд, қонунгузорӣ ҳимоягар шудани наздикони муттаҳамаро манъ намекунад ва ӯ боварӣ дорад, ки ҳеҷ як холаву тағое ҷинояткорро аз маҷозот эъмин монда наметавонад.

“То тафтишот анҷом наёбад ҳамагуна пешгӯиҳо беҳуда аст. Мо ҳуқуқи шинос шудан бо парвандаро надорем. Ҷониби ҷабрдида аз ҳуқуқҳои худ бархурдор аст ва вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо низ фаъол аст, қазия айни замон ҷои нигароние надорад ”, - хулоса кард вай.

Ёдрас мешавем, Ҳувайдо Тиллозода духтараки 5-солаи тоҷик дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав бо як бераҳмӣ ба қатл расонида шуд.

Ӯ 22-юми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи 23-юми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо карданд. Ба қавли мақомоти интизомии Русия, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида шуд. Бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатл Александр Сёмини 28-сола, яке аз ҳамсоягони хонавода дастгир шуд.

Лентаи хабарҳо
0