ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Ширкати муштараки Узбакистону Олмон “JV MAN Auto-Uzbekistan” ба Тоҷикистон 14 адад мошиниҳои боркаши навъи MAN-ро содир хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуот ширкати саҳомии “Узавтосаноат”.
Манбаъ таъкид намудааст, ки “JV MAN Auto-Uzbekistan” бо ширкати “Экспериментальный механический завод”-и Тоҷикистон вобаста ба таҳвили 14 адад мошини боркаши MAN ба маблағи наздики 1,5 миллион доллар қарордод ба имзо расонидааст.
Ширкати “Узавтосаноат” қайд намудааст, ки то имрӯз 11 мошин ба маблағи 1,2 млн. доллар аллакай барои интиқол омода шудааст.