ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бе бориш дар назар буда, шабона +1+3 ва рӯзона +16+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани меғ дар назар аст. Ҳаво шабона -0+5 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо шабона +3+8 ва рӯзона +17+22 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ВМКБ ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона -1-6, рӯзона +8+13 ва дар шарқи ин вилоят шабона -7-12 ва рӯзона -2-3 дараҷа сард мешавад.