Қаиқронҳои Тоҷикистон дар Самарқанд қувваозмоӣ мекунанд

Video Player is loading.
Вақти ҷорӣ 0:00
/
Duration 0:00
Боргузорӣ: 0%
Пешрафт: 0%
Навъи нашр Дар нашр
Вақти боқимонда -0:00
 
1x
Қаиқрон Шаҳриёр Даминов 5 сонияи зиёди худро дур карданист
1:30
Обуна шудан
Кумитаи олимпии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки аз 20 то 25 октябр дар шаҳри Самарқанди Узбакистон ду мусобиқаи бузурги қаиқронӣ баргузор мешаванд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита дар Узбакистон қувваозмоӣ барои Ҷоми Осиё миёни калонсолон ва Чемпионати Осиё миёни варзишгарони то 23-сола оид ба қайиқронӣ дар назар аст.

Манбаъ афзуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 28 нафар - 23 варзишгар, 5 мураббӣ, барои иштирок дар мусобиқаҳои мазкур 19 октябр ба Самарқанд сафар карданд.

Дар мусобиқаҳо иштироки варзишгарон аз 15 давлати Осиё дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0