Навори ҷанҷоли зану шавҳар тамоми интернетро "сайр" кард. Онро шоҳидон сабт кардаанд.
Дар видео дида мешавад, ки зане бо сарпӯши сурх ва футболкаи сиёҳ духтари ҷавонеро, ки дар наздикии ронанда қарор дошт, латукӯб мекунад.
"Бешарм, ман ҳамсари қонунии ваям! Аз шавҳарам худатро наканӣ, туро мекушам", - фарёд мекашад вай.
Маъшуқа, ки дар тан футболкаи сурх ва сарпӯши сафед дошт, кӯшиш мекунад, ки аз ҳуҷуми ҳамсари ошиқаш халос шавад.
Дар идомаи навор дида мешавад, ки маъшуқа кӯшиш мекунад, бо пояш занро тела диҳад, аммо ин ҳам кӯмак намекунад.
Вақте ки ронандаи автобус мехоҳад, ду занро аз ҳам ҷудо кунад, ҳамсараш ӯро низ мезанад.
Ҳамсар ба ҷониби шавҳараш фарёд мекашад: "Фикр мекардам, ки ту аз ин бӯзина ҷудо шудаӣ!".
Ҷанҷоли ҳамсар ва маъшуқа дар ҳоле сурат мегирад, ки мусофирон дар автобуси интизори расидан ба манзилҳои худ буданд. Ду се нафари онҳо вақташонро беҳуда сарф накарда, қазияро ба навор мегиранд.
Тавре хабаргузории The Daily Mail менависад, зан вақте ба микроавтобус ворид мешавад, мебинад, ки дар зонуи шавҳараш як духтари ҷавоне нишастааст. Мард ронанда будааст.
Қайд карда мешавад, ки ҷаноли занон бештар аз 5 дақиқа идома ёфта, дар охир косаи сабри мусофирон лабрез шудааст ва онҳоро аз ҳам ҷудо карда, роҳи худро идома додаанд.