Лисовский: Русия омода аст, дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи бузург бунёд кунад

© Пресс-служба Совета Федерации РФПервый заместитель председателя комитета Совета Федерации РФ по аграрно-продовольственной политике и природопользованию Сергей Лисовский
Первый заместитель председателя комитета Совета Федерации РФ по аграрно-продовольственной политике и природопользованию Сергей Лисовский  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сергей Литовский, ҷонишини аввали раиси Кумитаи Маҷлиси Русия дар масоили сиёсати аграрию озуқаворӣ мегӯяд, Русия бояд дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи бузурги савдои яклухт бунёд кунад

Ба гуфтаи Лисовский, дар Тоҷикистон озуқавориҳои истеҳсолоти Русия хело зиёданд, аммо  тарҳи таҳвили шаффофи онҳо вуҷуд надорад.

Вай афзуд, ки ҷониби Русия  омода аст, дар Тоҷикистон чунин марказ бунёд карда, тартиботи доду гирифти яклухтро ба танзим дарорад.

“Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки  омода аст барои сохтани фурӯшгоҳи яклухт имтиёзҳои мушаххас ва қитъаи замини пешниҳод кунад”, - изҳор дошт Лисовский ба Sputnik Тоҷикистон.

Лисовский: Россия готова построить оптовый центр в Таджикистане

Инчунин, ба гуфтаи вай, Русияро бояд фаъолияти сохторҳои давлатиашро дар ин самт қулай гардонад. Яъне гумрук, Росселхознадзор ва дигар муассисаҳое, ки барои таҳвили озуқаворӣ нигаронида шудаанд, бояд тарҳи осони таҳвили озуқавориро омода кунанд.

Лисовский афзуд, Русия дар ин самт таҷриба дорад.

Ҳамчунин Русия имконият дорад дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд.  

Лентаи хабарҳо
0