ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент конфронси байниминтақавӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Дар конфронси мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент, олимону ҳунармандон ва меҳмонон аз Узбакистон иштирок хоҳанд кард.
Инчунин ба гуфтаи манбаъ, иштирокчиёни конфронс ҳамзамон аз оромгоҳи асосгузори адабиёти классикии тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Маҷмааи фарҳангӣ-эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносӣ боздид хоҳанд кард.
Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки меҳмонон аз Узбакистон дар намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ низ иштирок менамоянд.