Идомаи болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асоси маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши доллар ва евро дар кишвар тақрибан бетағйир монда, қурби рубл боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, имрӯз қурби миёнаи фурӯши доллар дар муассиcаҳои молиявии Тоҷикистон 9.43 сомонӣ ва арзиши фурӯши 1 евро аз 10.9175 то 10.9000 сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, қурби рубл дар кишвар каме боло рафта, имрӯз 1 рубли русӣ  0.1435 то 0,1440 сомонӣ арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки ду моҳи қабл қурби 1000 рубл то 134 сомонӣ поин рафта буд.

Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қурби рубл дар Тоҷикистон поин рафт

Бонки миллии Тоҷикистон  барои бозори ғайринақдӣ қурби 1 доллари ИМА - 9.4256 сомонӣ, 1 евро – 10.8790 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1435 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба қурби рубл, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо ин асъор маош мегиранд, зиёд буда, поинравии он зарбаи ҷиддӣ ба даромади  хонаводаҳо дар ин кишвар арзёбӣ мешавад. Дар баробари ин афзоиши қурби доллар, ки одатан болоравии нархҳоро дар пай дорад, боиси нигаронии мардум мешавад.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0