ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Моҳи декабри соли равон дар шаҳри Тошканди Узбакистон аз ҷониби Академияи санъати ин кишвар VII-умин Намоиши байналмилалӣ биеналле тасвири кӯдакон таҳти унвони “Шодии Тошканд” баргузор мегардад.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон довталабонро барои иштирок дар VII-умин Намоиши байналмилалӣ биеналле тасвири кӯдакон таҳти унвони “Шодии Тошканд” даъват намудааст.
Дар ин борадар сомонаи расмь хабарт додааст вазорати фарщанги Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар намоиши мазкур метавонанд кӯдакони синни аз 5 то 15 сола иштирок намоянд.
Мавзӯъҳои мусаввараҳо дар соли ҷорӣ чунинанд: “Дунёи кӯдакӣ”, “Ватани ман”, “Ҷаҳоне, ки ман зиндагӣ мекунам”, “Орзуи ман”, “Узбакистон аз нигоҳи ман”.
Вазорати фарщанг таъкид намудааст, ки хоҳишмандон бояд шакли аризаи дархостиро пур намуда, ба кумитаи тадорукоти озмун фиристанд.
Инчунин мусаввараҳои барои иштирок бояд то 1 ноябри соли равон ба шаҳри Тошканд фиристода шаванд.
Ташкилкунандагон ва аъзои ҳакамон аз байни иштирокчиёни намоиш ҳафт нафариро бо ҷоизаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ қадрдонӣ менамоянд. Инчунин ба 50 нафари дигар нишонҳои хотиравӣ тақдим хоҳанд кард.