Худро ба девонагӣ мезанад: Сёминро дубора аз СИЗО ба беморхона мебаранд

© СК РФ по Московской областиПодозреваемый в убийстве 5-летней девочки в Подмосковном Серпухове
Подозреваемый в убийстве 5-летней девочки в Подмосковном Серпухове - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ки барои гузаронидани ташхиси такрорӣ қотили Ҳувайдоро дубора ба Пажӯҳишгоҳи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологии Сербскии Маскав интиқол диҳанд. Фардо, 18 октбяр мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии Александр Сёмин баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Александр Сёмин - ҷавони маттаҳам дар қатли духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдоро аз Пажӯҳишгоҳи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологии Сербскии Маскав ба боздошгоҳи шаҳри Серпухов интиқол доданд. Аммо интизор меравад, ба наздикӣ ӯро дубора ба бемористон баранд. Дар ин бора вакили мурофиаи хонаводаи Ҳувайдо - Олга Устюжанина ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ёдрас мешавем Сёмин барои гузаштан аз чанд ташхиси вижа охирҳои моҳи август ба пажӯҳишгоҳ интиқол ёфта буд.

Бино бар иттилои вакил, фардо 18 октябр маҷлиси додгоҳӣ баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар он дар бораи тамдиди мӯҳлати боздошти Сёмин ва интиқоли дубораи муттаҳам ба бемористон барои ташхиси такрорӣ қарор қабул карда шавад.

"Фардо масъалаи  тамдиди мӯҳлати боздошти Сёмин ва интиқоли дубораи вай ба бемористонро дида мебароянд. Интизор меравад Сёмин аз ташхиси такрорӣ гузарад. Ӯ худро ба девонагӣ мезанад. Ҳоло мо дар бораи натиҷаи тахшисҳои аввал маълумоте надорем", - мегӯяд вай.

Нигина Саидова дар бораи нопадид шудани Ҳувайдо ва кӯшиши сӯҳбат бо Сёмин - Sputnik Тоҷикистон
Арвоҳашро дидам: модари Ҳувайдо дар бораи гумшавии ӯ ва кӯшиши сӯҳбат бо Сёмин (НАВОР)

Ёдоварӣ мекунем, ки холаи Александр Сёмин - Елена Самохина ҳимоягари муттаҳам аст.

Авохири моҳи гузашта суди шаҳрии Серпухов мӯҳлати боздошти қотили Ҳувайдоро то як моҳ, 22 октябр тамдид карда буд. Худи муттаҳам дар мурофиаи додгоҳи ширкат надошт. Ба гуфтаи Олга Устюжанина охирҳои моҳи август ӯро ба пажӯҳишгоҳи Сербскии Маскав бурда, аввалҳои моҳи октябр дубора ба СИЗО баргардонидаанд.

Падари Ҳувайдо Абдусалом Саидов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки феълан дар Серпухов қарор дорад ва бо мақомоти шаҳр, аз ҷумла кумитаи тафтишоти Серпухов ҳамкорӣ мекунад.

"Чанде пеш бо Олга ба назди муфаттиш рафтем. Қазитяро пайгирӣ мекунем. То ҳол кам настанд нафароне ки ба ман занг зада, дастгирӣ мекунанд", - гуфт вай.

Модари Ҳувайдо бо сабаби бемории духтараки дувумаш ба Тоҷикистон баргаштааст.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи 23-юми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо карданд. Ба қавли мақомоти интизомии Русия, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида шуд. Бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатл Александр Сёмини 28-сола, яке аз ҳамсоягони хонавода дар вилояти Маскав дастгир шудааст.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0