Аҳмадзода дархости донишҷӯёнро иҷро кард: онҳоро ба нерӯгоҳи Роғун фиристод

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишҷӯён дар мулоқот бо раиси вилоят гуфтанд, ки мехоҳанд аз рафти сохтмони нерӯгоҳи Роғун боздид кунад. Дар посух Раҷаббой Аҳмадзода 16 донишҷӯро ба "Роғун" фиристод

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанд донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро барои шиносоӣ аз рафти сохтмон ба нерӯгоҳи Роғун фиристодааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, донишҷӯёни риштаи барқрасонӣ ва автоматикаи донишкада ҳангоми мулоқот бо раиси вилоят дархост кардаанд, ки мехоҳанд аз рафти сохтмони нерӯгоҳ аз наздик ошно шаванд.

"16 нафар донишҷӯёни фаъоле, ки дар бахши таъмини барқ ва автоматика таҳсил доранд, ба шаҳри Роғун сафар намуда, бо роҳнамоии ёрдамичии ди⁠ректори генералии ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Сафарбек Валиев, муовини ди⁠ректор оид ба истеҳсолот Қурбонназар Давронов ва сардори Раёсати бехатарии нерӯгоҳ Тешабой Исломов бо ҷараёни сохтмон шинос гардиданд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Лампы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози қатъи интиқоли барқ дар навоҳӣ: омодагӣ барои “Роғун”

Дар рафти вохӯрӣ бо сохтмончиён итттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар ин нерӯгоҳ беш аз 21 ҳазор кормандон дар се баст фаъолият доранд ва ду агрегати нерӯгоҳ бо иқтидори 200 мегаватт рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Кор дар дигар бахшҳо бо маром идома дошта, айни ҳол қувваи бештари сохтмончиён ба симбандиву бетонхобонӣ равона гардидааст.

Неругоҳи барқи обии "Роғун" дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки иқтидори ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад.

Сарбанди неругоҳи  бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.

Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқи обии "Норак" якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардида, он барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.

Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони неругоҳи "Роғун" дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0