Тавсифи Мария Захарова аз ҷомаи гулдӯзӣ ва даъвати вай ба Тоҷикистон

© Арпи БегларянОфициальный представитель МИД Мария Захарова
Официальный представитель МИД Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як корбари Фейсбук дипломати русро ба Тоҷикистон даъват кардааст. Вай гуфтааст, ки дар Тоҷикистон низ ба Захарова ҷомаи гулдӯзии милии тоҷикӣ ҳадя мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Дипломати рус, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия Мария Захарова аз ҷомаи гулдӯзӣ тавсиф кардааст.

Вай дар саҳифаи фейсбукии худ аксеро гузоштааст, ки дар он дар тан ҷомаи гӯлдӯзӣ ба бар кардааст.

"Ҳунарҳои мардумиро хело дӯст медорам. Хело аҷиб аст, ки онҳо ҳувияти фарҳанги миллиро  нигоҳ медоранд ва ҳамзамон онро ба ҳам меоранд. Ҳунарҳои мардумӣ дарки торихии одамонро нишон медиҳад", - менависад вай.

Ба гуфтаи вай,  ҷомаи милии узбакӣ ба бар кардааст.

Корбарон зери акси дипломат шарҳҳои зиёд навишта, қайд кардаанд, ки дар ҳақиқат зан ҷомаи зебое ба бар кардааст. Бархе аз сокинони Узбакистон аз эҳтироми Захарова аз фарҳанги узбакӣ изҳори хурсандӣ кардаанд.

Яке аз корбарони Фейсбук, ки худро сокини Тоҷикистон муаррифӣ мекунад, Мария Захароваро ба Тоҷикистон даъват карда, гуфтааст, ки дар Тоҷикистон низ ҷомаҳои миллии зебоеро метавон пайдо кард.

"Мария Владимировна! Ба Тоҷикистон ҳам ташриф оред.  Мо ба Шумо либоси миллии зебое хоҳем дӯхт. Тарҳҳои мо дар намоишҳои Париж ҷоиза гирифтаанд. Аз дидоратон шод хоҳем шуд", - менависад вай.

Фестиваль ремесленников 2017 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Аз танзими анъанаву либоси миллӣ то фарҳанги шаҳрнишинӣ: мулоқоти Кумитаи занон бо бонувон

Дар Тоҷикистон либоси миллӣ то рафт мавқеи бештаре пайдо мекунад. Тарроҳони тоҷик пироҳанҳои таҳиякардаашонро бо нақшу нигори тоҷикӣ оро дода, дар саҳанаҳои бузурги байналмилалӣ намоиш медиҳанд.

Афзун бар ин, ба наздикӣ дар кишвар дастурамали либоси занон таҳия шуд.

Мувофиқи он барои духтарон ва бонувон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафису тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯшӣ, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастагии бадан намоён мешаванд, либосҳо, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия намешавад.

Ёдрас мешавем, ба наздики раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Узбакистон сафар мекунад. Дар назар аст, ки дар рафти сафар Владмир Путин бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кунад. Сарони кишварҳо чанд санади ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расонид.

Лентаи хабарҳо
0