ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" шоми 15-уми октябри соли равон бо нашри як баёния гуфтаааст, ки болоравии нархи истифодаи нерӯи барқ ногузир аст.
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” дар баёнияи худ, ки дар сомонаи расмии ин ширкат ба нашр расидааст бори дигар аз истифодабарандгони барқ дархост кардааст, ки ҳаққи истифодаи қувваи барқро саривақт пардохт кунанд.
"Мо ба хотири доимо нурборону пурзиё будани хонадони шумо ягон чизи зиёдатӣ талаб надорем. Фақат хоҳиш мекунем маблағи барқи истифода бурдаатонро, яъне маблағи барқи насия гирифтаатонро, пардохт намоед",-гуфта шудааст дар баёнияи "Барқи тоҷик".
Ширкати “Барқи тоҷик” афзудааст, ки барои он ки ҳар як шахс ва кулли кишвар бетаваққуф бо барқ таъмин бошанд, ширкат маблағҳои зиёде масраф мекардааст.
Ба гуфтаи ширкати мазкур зиёда аз 12 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рӯз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд, тамоми нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ бетаваққуф барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи 60 804 километр хатҳои барқ ва 18 617 адад трансформаторхои иқтидорҳояшон мухталиф мутассил зери шиддат мебошанд.
“Инчунин, барои бунёди нерӯгоҳҳои нав, таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда, ки муҳлати истифодаи аксарияташон алаккай гузаштааст, таъмиру таҷдиди инфрасохтор, хулоса - рӯи по нигоҳ доштани ниҳоди энергетикӣ, низ маблағҳои калон лозиманд”, -гуфтааст ширкати “Барқи тоҷик”.
Ширкат дар баёнияи худ таъкид намудааст, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018, нархи нерӯи барқ барои ҳамаи гуруҳҳои истифодабарандагон ба андозаи 15 фоиз боло бурда шуд. Ин қарор аз 1 ноябри соли 2018 мавриди амал қарор гирифта аст.
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” таъкид кардаанд, ки дар муқоиса бо хароҷоти Ширкат ин баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист будааст.
“Пеш аз ин аҳолӣ барои ҳар кВт.соат 16,85 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 19,37 дирамро ташкил медиҳад”, - афзудааст ширкати “Барқи тоҷик”.
Масъулини ширкат бори дигар қайд намуданд, ки ин тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.