Зарурати ногузир: шарҳи "Барқи тоҷик" аз ҷорӣ шудани "лимит" дар минтақаҳои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание "Барки Точик". Архивное фото
Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкат тавзеҳ медиҳад, ки ҷорӣ шудани маҳдудияти барқрасонӣ дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон муваққатӣ ва ногузир буда, бо далели анҷом ёфтани корҳои профилактикӣ сурат мегирад. Аммо масъулини "Барқи тоҷик" гуфта натавонистанд, ки ин "лимит" кай ба анҷом мерасад

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз қатъшавии чандсоатаи нерӯи барқ дар манзилҳояшон шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, аз аввалҳои моҳи октябр ҳамарӯза аз 8 то 12 соат қувваи барқ хомӯш мешавад.

Spunik Тоҷикистон шарҳи ин маҳдудиятро аз масъулини ширкат пурсон шуд.

Кормандони ширкат ҷорӣ шудани "лимит"-ро дар Тоҷикистон такзиб мекунанд ва мегӯнд, ки сабаби қатъ кардани нерӯи барқ дар корҳои таъмиру профилактикист.

"Қатъшавии муваққатии нерӯи барқ аз рӯйи ягон маҳдудият ё лимит нест. Ширкати "Барқи тоҷик" дар нияти ҷорӣ намудани маҳдудият нест. Амалӣ гаштани қатъшавии нерӯи барқ низ вобаста ба таъмини беҳтари мардум ва хоҷагии халқ бо нерӯи барқ аст. Хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва ҳамаи таҷҳизоте, ки ба интиқол ва истеҳсоли нерӯи барқ корбурд мешаванд, зери фишори шиддат мебошанд. Аз ин рӯ, дар давраи пеш аз оғози  хунукиҳо, таъмири онҳо ногузир аст", - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкат.

"Ҳамин тавр, зарурат пеш омадааст, ки дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқоли барқ зина ба зина қисман қатъ карда шавад. Бо тамоми масъулият изҳор менамоем, ки ин тадбир муваққатӣ буда, барои хубтар таъмин намудани муштариён бо барқ дар давраи зимистон роҳандозӣ мегардад", - афзуд вай.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз 1-уми ноябр арзиши барқ дар Тоҷикистон гарон мешавад

Сухангӯи "Барқи тоҷик" ба соволи он ки "корҳои профилактикӣ дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон анҷом меёбанд", гуфт, "дар тамоми минтақаҳо".

Аммо масъулини ширкат тавзеҳ дода натавонистанд, ки  "маҳдудияти муваққатӣ"  кай ба анҷом мерасанд.

"Рӯзҳои наздик корҳои профилактикӣ ба поён расида, барқрасонӣ 24 соат таъмин мешавад. Мо дар ин бора  хабар медиҳем", - гуфтанд масъулин.

Ёдрас мешавем, имрӯз  "Барқи тоҷик" дар баёнияе  далелҳои боло рафтани қимати барқро тавзеҳ дод.

Дар он омаадаст, ки "барои бунёди нерӯгоҳҳои нав, таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда, ки муҳлати истифодаи аксарияташон алаккай гузаштааст, таъмиру таҷдиди инфрасохтор, хулоса - рӯи по нигоҳ доштани ниҳоди энергетикӣ, низ маблағҳои калон лозиманд".

Рӯзи 25-уми сентябр аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон қарори афзоиши нархи нирӯи барқ содир шудааст. Бар асоси ин санад, дар Тоҷикистон аз якуми ноябр як киловат соат нерӯи барқ ба 19,37 дирам баробар мешавад.

Мувофиқи қарори Хукумати кишвар, аз 1-уми ноябр ба истиснои корхонаи давлатии ТАЛКО, нархи барқ барои корхона ва муассисаҳои дигари кишвар низ боло меравад. Инчунин, корхонаи "Комбинати металлургии Тоҷикистон" барқро аз 1 май то 30 сентябр бо нархи имтиёзноки 8,28 дирам дарёфт мекунад. Арзиши ҳар киловат соат нерӯи барқ барои дигар  корхонаҳои кишвар 47,13 дирам муқаррар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0