Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ба хонаи куҳансолон кӯмаки башардӯстона расонданд

© пресс-служба РоссотрудничестваГуманитарная помощь дому престарелых в Яване
Гуманитарная помощь дому престарелых в Яване - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба муносибати рӯзи байналмилалии куҳансолон, ки дар аввали моҳи октябр таҷлил мегардад, низомиёни рус аз ба хонаи куҳансолони вилояти Хатлон дидан карданд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ба хонаи куҳансолони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона расониданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати дифоъи Русия.

Боздид аз хонаи куҳансолон ба муносибати рӯзи байналмилалии пиронсолон, ки ҳамасола дар аввали моҳи октябр таҷлил мегардад,  сурат гирифт. Низомиён Русиябарои ҳар як бошандаи ин хона 70 бастаи қанодӣ, оварданд.

Российские военнослужащие оказали содействие в доставке гуманитарной помощи в школы РТ - Sputnik Тоҷикистон
Низомиёни пойгоҳи 201 ба кӯдакони бепарасдори тоҷик кӯмаки моддӣ расониданд

Ғайр аз ин, табибони низомӣ барои куҳансолон маводҳои санитарию гигиенӣ барои беморони кам ҳаракату хобида пешниҳод намуданд. Инчунин низомиёни Русия либосу пойафзол низ тақдим карданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Маркази илмию фарҳангии Русия ва Калисои православии Рус дар Тоҷикистон  ба хонаи мазкур кӯмаки башардӯстона расонида буданд. 

 

Лентаи хабарҳо
0